Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон

Описание к видео Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбиро тӯҳфаи арзанда номида, ба соҳибони хуштолеъи манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.

Тавре аён гардид, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафароне, ки соҳиби манзилҳои нав гардиданд, даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди Ватан содиқонаю софдилона иҷро карда, барои оромию осудагӣ ва ҳифзи дастоварду музаффариятҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод хизмат намоянд.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар навбати худ ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии Ватан содиқона хизмат мекунанд ва чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.

Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи зебои шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти муҳим, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.

Масоҳати умумии ин мавзеъ қариб як гектар буда, дар ҳавлии бино таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, майдончаи муосири варзишӣ, ҷой барои бозию дилхӯшии кӯдакон ва истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст.

Ҳамчунин иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми бинои истиқоматӣ бо як адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ва ин раванд идома дода мешавад.

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат танҳо аз Вазорати мудофиа наздики ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили зист таъмин шудаанд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар ҳамин мавзеъ бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як бинои дуошёнаи истиқоматӣ, ки аз 32 хона иборат аст, сохта ба истифода дода шуда буд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Таджикистан #Tajikistan #Тоҷикистон #Президент #Таджики #Tajiks #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd #Sogd #Бӯстон #Бустон #Buston




Ахбори имрӯзи Тоҷикистон
Ахбори имрӯз
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ахбори Ӯзбекистон Самарқанд
Хабарҳои имрӯзаи Тоҷикистон
Хабарҳо аз ҷараёни сафари корӣ
Новости Таджикистана
Новости Узбекистана Самарканд
Новости СНГ
Новости Мира
Новости Душанбе
Новости Россия
Новости Дня
Новости Мигранты
Новости Бадахшон
Новости Хатлон
Новости Согд
Новости Душанбе
Новости Ворух
События дня

СНГ
Asia
Азия
European
Russian

Новости
Ахбор
Хабар
Навид
Иттилоот
Иттилоъ

Телевизиони Тоҷикистон "Шабакаи якум"
Телевизиони Сафина
Телевизиони Ҷаҳонаммо
Телевизиони Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Телевизиони Илм ва Табиат
Телевизиони Баҳористон
Телевизиони Душанбе (HD)
Телевизиони Синамо
Телевизиони Шаҳнавоз

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

President Republic of Tajikistan
Mr. Emomali Rahmon

Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон

#Хабар #Тоҷикистон #Ахбор #Душанбе #Новости #Таджикистан #bbc
#Россия #Украина #Беларусь #Президент #Мир #radio
#Сегодня #Tajikistan #Dushanbe #News #Europa #tojikiston #asia #uzbekistan #Эмигранты #Россия
#iran #politics #trending #russia
#most #moscow #Akhbor #срочно
#tojik #Navid #official #television
#АхбориТоҷикистонваҷаҳон
#СНГ24 #Муҳоҷир #Сарҳад
#Исфара #Бадахшон #Суғд
#Русия #Узбекистон #НОВОСТИ
#Бухоро #Самарканд #Ворух
#Хоруғ #Хатлон #Бадахшан
#Fyp #fypシ #Душнабе #Таджикистан #Новости #ТВ #Сегодня #СНГ #Мир #Россия #Мигранты #Russian #Tajikistan #Tajik #WORLD #Тоҷикистон #Ворух #БобоҷонҒафуров #Сарҳад #Бадахшон #Хоруғ #Хатлон #Муҳоҷир #Границы #Овчиқалъача #ОШ
#Муҳоҷир #Радио #Телевизион
#tajikistan #dushanbe #таджикистан #душанбе #khujand #худжанд #pamir #tajik #centralasia #tjk #uzbekistan #точикистон #travel #pamirhighway #узбекистан #kulob #love #кулоб #mountains #памир #isfara #tashkent #истаравшан #samarkand #исфара #nature #travelphotography #russia #asia #beautiful

Комментарии

Информация по комментариям в разработке