Ахбори Точикистон Имруз - 31.08.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 31.08.2024 | novosti tajikistana

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Даврон Сафарзода бо намояндагони Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар мулоқот масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баргузории чорабиниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо ба нақша гирифта шудааст. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ташкил гардида, барои таҳкими мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ байни кишварҳои минтақаи Авруосиё мусоидат менамояд.

Маврид ба таъкид аст, ки соли 2021 байни Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии созмонҳои ғайриҳукуматии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке