БРОН ҲАМ МАРО АЗ ҶАНГ ГАРДОНИДА НАТАВОНИСТ

Описание к видео БРОН ҲАМ МАРО АЗ ҶАНГ ГАРДОНИДА НАТАВОНИСТ

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, директори чойхонаи овозадори “Роҳат”, муовини директори нонвойхонаи калонтарини пойтахт ва сарвари чандин коргоҳҳои бонуффуз Бозор Нағзибеков имсол ба синни 96-солагӣ қадам ниҳод. Ӯ ва бибии Чамангул соли 1956 аҳди висол баста, аз зиндагии муштарак соҳиби 6 фарзанд, 16 набера ва 17 абера гаштанд.

Аз он ки дар замони ҷанг барои кори босуръати заводу фабрикаҳо мутахассис лозим буду ҷавонҳоро ба касбомӯзӣ ҷалб мекарданд, ӯро баъди хатми синфи шашум ба қатори шаш ҷавони дигар барои касбомӯзӣ ба Ғарм оварданд. Баъди ин, коргари “Текстил”-и маъруф шуд.

- Вақте ин ҳодисаи ғайриоддӣ рух дод, ӯ бо вуҷуди оне, ки брон дошту аз рафтан ба ҷанг озод буд, ба майдони ҳарб рафт.
- Вақте поезд истоду ӯ аз он фаромад, манзараеро дид, ки то ҳол бо ба ёд оварданаш сахт ба риққат меояд.
- Вақте барои арӯсӣ духтареро барояш пешниҳод карданд, посухе дод, ки касе мунтазир набуд.
- Вақте Мирзо Турсунзода ба Япония рафт, ҷопониҳо барои амаки Бозор туҳфае доданд, ки бинандагонаш ангушти ҳайрат мегазиданд.
- Вақте дар нонвойхона муовини директор буд, ҳолатеро дид, ки баъди ин аз омадан ба хона даст кашид.

Барои дидани ин ва дигар муаммоҳои рӯзгори ин хонавода суҳбати моро рӯзи 8-уми май, соати 18:00 дар ютубканали ОИЛА.ТҶ тамошо кунед.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке