Рустами Қосим—Садқаи Кӯлоб шавам

Описание к видео Рустами Қосим—Садқаи Кӯлоб шавам

#СадкаиНомиВатан #СадкаиКулоб #РустамиКосим #Рустамча #Ватан
Садкаи номи ватан садқаи Кулоб шавам

Рустами Қосим 21 марти соли 1969 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шурообод ба дунё омадааст. Ӯ хониши ибтидоиро дар мактаби ба номи Ленини ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз намудааст, баъдан аз синфи 6-ум инҷониб, яъне то хатми мактаб дар МТМУ № 8-и шаҳри Кӯлоб таҳсил карда онро соли 1986 хатм намудааст. Падараш Болтаев Маҳрам ва модараш Қосимова Рузигул мебошад. Рустам баъди хатми мактаб бо Холматова Зулфия (модари Шаҳноза, Фируза ва Дилноза) хонадор шуда, ҳамон сол ба хидмати ҳарбӣ рафт. Аз хидмати Ватан, ки дар ҶШС Эстония анҷом дод, соли 1988 баргашт. Рустами Қосим фарзанди аввалин ва писари ягона дар оила буд ва ӯ 6 хоҳар дошт. Падару модараш ҳунарманд буд, Падараш муаллими фанни мусиқии мактаби Ленини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Модараш дар театри ҳозира ба номи Одина Ҳошим кор мекардааст. Онҳо меҳри санъатро дар дили Рустам бедор намудаанд, чунки нишонаҳои аввалинаш дар ҷисму ҷони ӯ эҳсос карда мешуд. Аз овони кӯдакӣ ба сурудхонӣ шуғли беандоза дошт ҳамин буд, ки халқ аз меҳри бепоён уро Рустамча мегуфтанд. Модараш ба ӯ аввал дуторнавози-ро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро ба ӯ меомухт. Худ қазоват кунед ҳар як инсон устоди аввалинашро беандоза дӯст медорад, ҳамин буд, ки модарашро Рустам дучанд дӯст медошт ҳам монанди модар ҳам монанди устод. Падараш табиати орому камгап будан. Ҳар лаҳза ба писараш мегуфт «Бачам худатро эҳтиёт кун, лаёқати хуби сарояндагӣ дорӣ, ҳама вақт эҳтиёт бош!». Дар ҳақиқат Рустам табиати шух ва ҳам овозхони бехтарин буд. Доимо дар ҷустуҷуи суруду сухани нав буд, ки ба дили халқ наздик бошаду ӯро бо меҳр гуш кунанд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке