Таҳсил ва кор дар беморхонаи рӯҳӣ. Шоҳзода дар Олмону Россия

Описание к видео Таҳсил ва кор дар беморхонаи рӯҳӣ. Шоҳзода дар Олмону Россия

Меҳмони нашри 13-уми барномаи “Ҷило” Шоҳзода Тоҷибоева буд. Ӯ пайроҳаи аҷиб дорад. Аввал ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд. Пасон, тариқи барномаи волонтёрӣ ба Олмон рафт ва ҳамчун парастор дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ кор кард. Дар Олмон баъди кори беморхона ба мактаби махсуси касбомӯзӣ дохил шуда, ҳам таҳсил кард ва ҳам ба ҳайси ёрдамчии дандонпизик фаъолият намуд. Оиладор шуд ва ҳоло дар шаҳри Қазон зиндагӣ мекунад.
Мо дар барномаи “Ҷило” доир ба роҳи тайкардаи Шоҳзода Тоҷибоева қисса хоҳем кард.

Бо мақсади аз ҳаёту таҳсил, кору комёбиҳои ҷавонони тоҷики дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта бохабар шудан барномаи “Ҷило”-ро роҳандозӣ кардем. Ин барнома метавонад аз шукуфтани садҳо нафар гӯяд ва боз ба садҳои дигар ангеза диҳад, ки онҳо ҳам метавонанд берун аз ҷумҳурӣ таҳсил кунанд.

ҶИЛО аз ҷилои ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар мегӯяд.

Instagram h_tohiri
Telegram https://t.me/h_tohiri

Комментарии

Информация по комментариям в разработке