АЗ БОЗДОШТИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ЯК СОЛ ГУЗАШТ...

Описание к видео АЗ БОЗДОШТИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ЯК СОЛ ГУЗАШТ...

15-уми июн аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, ки бархе ҷузъиёти парвандаи онҳо барои ҷомеа ҳанӯз норӯшан аст, як сол гузашт. То ба ҳол наздикону пайвандонашон ба бегуноҳии онҳо бовар доранд ва умедворанд, ки ба наздикӣ онҳо аз зиндон озод мешаванд.
Як сол пеш, дар ҳамин рӯз, дар роҳ ба сӯи Конибодом дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ Далери Имомалӣ боздошт ва шоми ҳамон рӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додситонии Шоҳмансур даъват ва дастгир гардид. Танҳо субҳи рӯзи дигар, 16-уми июн мақомот тавассути вакили дифоъ гуфтанд, ки онҳо дастгир гардида, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ҳарду рӯзноманигор, оиладору соҳиби кӯдакони хурдсоланд ва ҳатто замоне, ки Абдуллоҳ боздошт шуд, кӯдакаш ҳамагӣ 10-рӯза буд. Ӯ то ба ҳол намефаҳмад, ки падараш дар ҳабс аст, вале се фарзанди Далер, ки калонтаранд, пайваста падарашонро суроғ мекунанд ва ҳамсараш намедонад ба онҳо чӣ посух диҳад.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки баъди як соли боздошту зиндонӣ шудани ду рӯзноманигори тоҷик ба суроғи хонаводаҳои онҳо равад, то аз рӯзгори як соли талхашон пурсон шавад ва пайомади ин қазияро дар зиндагиашон бифаҳмад.
То замони боздошт Далер ва Абдуллоҳ бо оилаҳояшон дар хонаҳои иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Ҳоло оилаҳо ба хонаи падарии рӯзноманигорон кӯч бастаанд ва қазияи саробонони оила маҷрои зиндагии оилаҳояшонро комилан тағйир додааст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке