Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рӯзи дониш

Описание к видео Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рӯзи дониш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Таъкид гардид, ки якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замон дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Мулоқоти имрӯза ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке