Ҷӯрабек Назриев. Қисми 2. Сурудҳои беҳтарини устоди санъати ТОҶИК.

Описание к видео Ҷӯрабек Назриев. Қисми 2. Сурудҳои беҳтарини устоди санъати ТОҶИК.

Ҷӯрабек Назриев (23 июни 1946, ноҳияи Ховалинг — 24 майи 2020, Душанбе) — доктори илми филология (1996). Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996). Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1990). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).[1] Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Овозхони маъруфи тоҷик.

Зиндагинома
Ҷӯрабек Назрӣ 23 июни 1946 дар деҳаи Наврӯҳои ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Волидайнаш аз деҳоти Ғожу Тоғмайи ноҳияи Дарвоз ба Хатлон омадаанд, ки сабабаш муҳити носозгори соли 1937 будааст. Баъдан, тобистони соли 1954, хонадонашон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи кунунӣ) кӯч бастааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 23 ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур) — шаҳри Душанбе, соли 1963, донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудааст. Аз соли хатми Донишгоҳ то кунун дар Академияи илмҳо кор мекунад ва аз дараҷаи аспирантию ходими илмӣ то мақоми директори Иттиҳодияи музейҳои адабӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ расидааст. Ҳоло мудири «Ганҷинаи мероси хаттии ба номи академик А. Мирзоев»-и Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ АИ ҶТмебошад.Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев), донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24 майи соли 2020 дар 74-солагӣ даргузашт.[2]

Комментарии

Информация по комментариям в разработке