Ахбори Точикистон Имруз - 15.07.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 15.07.2024 | novosti tajikistana

Дар шаш моҳи соли равон 87 ҳазору 921 зан аз ташхиси фаросавтӣ гузашта, дар 806 нафари онҳо иллатҳои модарзодӣ муайян шуд ва таваллуди 612 кӯдаки маъюб пешгирӣ гардид. Аз шумораи нуқсонҳои дарёфтгардида, 101 ҳодиса ба никоҳи хешутаборӣ вобаста мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфти табибон, байни хешу табор генҳои ба ҳам монанд зиёданд. Маҳз бо ҳамин сабаб теъдоди зиёди бемориҳои вазнини ирсӣ, амсоли карию гунгӣ, албинизм, бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ирсии мубодилавӣ аз насл ба насл мегузаранд. Инчунин аз волидайне, ки бо ҳам хешутабории наздик (ҳамхунӣ) доранд, зуҳуроти тавлиди насл бо нуқсони модарзодӣ ва мурда бештар ба мушоҳида расида, исқоти ҳамл зиёдтар ба амал меояд. Агар фарзанд аз никоҳи хешутаборӣ солим ба дунё ояд, фарзанд барандаи гени «заиф» мемонад ва оянда дар насли ӯ ин бемории ирсӣ зоҳир хоҳад гашт. Аз ҳамин сабаб никоҳҳои хешутаборӣ хатарнок мебошанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд: «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави мамлакат қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештар ин кӯдакони маъюб модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд».


ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке