#таджикистан #новости #транзит_власти
ЭМОМАЛӢ МЕРАВАДУ ЭМОМАЛӢ МЕОЯД?
Моҳи ноябри соли 1992 Борис Елтсин – президенти Русия ва Ислом Каримов – президенти Ӯзбекистон шахсеро, ки номашро кам касе медонист, роҳбари Тоҷикистон таъин карданд.
Ман пешгӯӣ карда будам, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 6 моҳ дар сариқудрат мемонаду халос.
Инак, Ислом Каримов ҳам мурд, Борис Елтсин ҳам ъаҷӣ гашту Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз мерақсаду месарояду мехиромаду менозаду метозаду ме…
Инак, 32 сол аст, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замони давлатдориаш 150000 нафар кушта шуд, қаҳрамони миллату мане, ки пашшаеро озор надодаам, душмани миллат.
Инак, 32 сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон президенту ман як гуреза.
*
Соли 2025 дар таърихи Тоҷикистон метавонад соли гардиш ва тағйиротҳои муҳим гардад. Дар ин сол дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳукуматро пурра ва ё қисман ба Рустами Эмомалӣ ҲАДЯ кунад.
Ман вожаи «ҳадя»-ро махсус овардам. Зеро Эмомалӣ Раҳмонов ба он бовар аст, ки ҳукумат моли хонаводаи ӯст. Мисли ҷевон, мисли яхдон, мисли миз, мисли курсӣ, мисли гилеми фарш ё куртаю шалвораш.
Эмомалӣ Раҳмон афандӣ нест. Миллати тоҷикро хуб шинохтааст. 33 сол саворӣ кард, ғорат кард, таҷовуз кард, таҳқир кард, зиндон кард, муҳоҷир кард, овора кард, хонабардӯш кард, кушт, мардум лом нагуфт.
Барои мисоли дағал пӯзиш мехоҳам:
Ба куни ин миллат чӯб зад. Аммо садои миллате, ки худро ОРИЁӢ меномад, набаромад. Баръакс, бархе аз он фассаҳо орзу мепарвариданд, ки кош чӯби сеҳрноки Пешвою Ҷаноби олияшон сабзад ва онҳо аз он вассаю болор кунанду хона созанд. Онҳо дар он вайронаҳо ҳар шаб ишқ варзанду ғуломони навро рӯёнанд. Ба фолклори худашон:
Жим-жим шидан гира
Бача паридан гира!...
**
Баъди чанде, шояд моҳи ноябр Анҷумани ҲХДТ баргузор гардад, ки раиси ин ҳизб ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст.
ҲХДТ-ро, ки аъзояш Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон меноманд, ман ҳанӯз соли 1994, - 30 сол пеш, вақти таваллудаш – «ҲИЗБИ ХОИНОН ва ДУЗДОНИ Тоҷикистон» номида будам. Аслан ин ҳизб баччаи ҳаромии ҳизби коммунист аст, ки номашро тағйир дода буданд.
Дар анҷумани навбатии Ҳизби хоинон ва дуздони Тоҷикистон албатта раисашон – Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон афсонаҳои кӯҳна суханронӣ мекунад.
Масъалаи муҳим дар ин анҷуман тасдиқ ва пешниҳоди вакилон ба порлумон аст, ки бештари тоҷикистониен чун «депутат» мешиносанд. Ман онҳоро чун дастбардораку побардораку кунлесак мешиносам.
Биллоҳалъазим, оқои Раҳмон амр кунад, ки «эзоратро каш!» ҳамаи ҳамин 63 муфтхӯр гурзонак мекунанд кӣ пештар урён мешавад!
**
СОЛИ 2025 шояд дар моҳҳои феврал ё март интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баргузор мегардад. Албатта, аз ин интихобот танҳо кару кӯрҳои сиёсӣ навгониеро интизоранд. Дар асл интихобот дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон як мазҳакаи музофотӣ ва примитив беш нест.
Эмомалӣ Раҳмон мисли домодест, ки худаш арӯсҳоро интихоб мекунад. Бо нафаре -як шаб, бо дуюмӣ – ду шаб, пасон навашро меёбад: пурэҳсосу пурэнержӣ ва бо фантазияҳои нестандарҷаҳон.
Ин домоди шӯрапушти муханнас, ки худ «арӯси чанд домод» аст, барои он ки аз худ демократ тарошад, шахсонеро ҳам барои вонамуд кардани интихоботи озод ва рангорангӣ ба ҳарамгоҳаш мепазирад. Ва ҳар вақте хоҳад талоқ медиҳад, ба гуфти ъавомуннос «ИДИНАХ…&» мекунад.
**
Интригаи асосии соли 2025 дигар аст. Пас аз гузаронидани интихобот ба Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як ИЗҲОРОТ аз президентӣ истеъфо медиҳад. Ҳукумат ба таври автоматик ба дасти раиси Маҷлиси миллӣ – Рустами Эмомалӣ мегузарад.
Пасон, рӯзи ИНТИХОБОТИ НАВ эълон мешавад, ки дар он Рустами Эмомалӣ «пирӯз» мегардад. Албатта, чанд хӯса ҳам чун рақибони ӯ дар интихобот «сабқат» хоҳанд кард.
Баъди президент шудани Рустами Эмомалӣ Эмомалӣ Раҳмон дар кадомин статус хоҳад монд?
Яке: Раҳмон ба ҷои Рустам раиси Маҷлиси миллӣ мешавад. Ончуноне, Туркманбошии сонӣ – Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов баъди ба писараш – Сардор додани ҳукумат кард.
Дигаре: Раҳмон чун лидер ва пешвои миллат мемонад.
Соли 2016 дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат» қабул шуд. Баъди ин қонун Эмомали Раҳмон маснуъияти якумрӣ дорад ва то ҳар вақте дилаш хоҳад, метавонад президент бошад.
Дар ин Қонун омадааст:
Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран барои бозпурсӣ овардан манъ аст. Ба номи «Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон» орден ва ҷоизаи давлатӣ таъсис меёбад. Осорхона, китобхона ва бойгонии ӯ бунёд мешавад. То зинда ҳаст, 80-фоизи моҳонаашро (тахминан 25-30 000 доллари амрикоӣ) мегирад. Аз ҳама аҷибаш дар Данғара ва Душанбе пайкараи ӯ сохта мешавад.
*
Ин версияҳо ё гузинаҳо алҳол дар долонҳои ҳукумат мечарханд ва метавонанд ҳар лаҳза тағйир биёбанд. Қарори охиринро танҳо як кас қабул мекунад, ки номашро ногуфта медонед, - Эмомалӣ Раҳмон. Ва охири зимистону аввали баҳор ин ҳама соярӯшанҳо намоёнтар мегарданд.
Ба Тоҷикистони торикистонгашта рӯшанӣ меояд ё хайр?
Зимистони замҳарири сиюдусола дар пай баҳоре дорад ё на?
Оё Рустами Эмомалии 36-сола метавонад мужда аз ин баҳори деринтизор биёварад?!
Информация по комментариям в разработке