Ахбори Точикистон Имруз - 05.08.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 05.08.2024 | novosti tajikistana

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар амал татбиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 августи соли 2024 дар бораи баргузор намудани нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва талошҳои президенти Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон нахустин маротиба 28-31 августи имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Аз ин лиҳоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе масъулинро даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин мусобиқа талош намоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои муҳими вобаста ба мусобиқа матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки он ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке