Хусейн Насриддинов - Гар бимурдам бе манат рузи киёмат хайр бод

Описание к видео Хусейн Насриддинов - Гар бимурдам бе манат рузи киёмат хайр бод

Ҳусейн Насриддинов / Хусейн Насриддин
Кардам, эй дустон, зи даргохи ту рехлат, хайр бод.
То ба он вакте ки боз оям ба хидмат, хайр бод.
Умр агар боки бувад, оям ба хидмат анкариб
В-ар бимурдам, бе манат рузи киёмат хайр бод
Гулхои васли богат чинем ё начинем
Минбаъд хамдигаро бинем ё набинем
Дар чаънати висолат, гаштем зору хайрон
Накоши азалро бинем ё набинем
Фардо шавад киёмат бо хасрату надомат
Мо хазрати Расуллро бинем ё набинем
Он шох Хусайни мохру наъра кашида хезад
Мо чомаи захролуд бинем ё набинем
Ман Чомии гунахгор, аз рахматат умедвор
Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элокии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Ҳунари сарояндагиро аз падараш Насриддин Ғафуров омӯхтааст. Омӯзишгоҳи педагогии райони Орҷоникидзеобод дар соли 1953 ва Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар соли 1971 хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил дар дастаи ҳаваскорони санъати мӯзишгоҳ ҳунарнамоӣ мекард. Иштирокдор ва барандаи ҷоизаи азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони ҳунар (соли 1952, шаҳри Душанбе). Аз соли 1954 иштирокдори дастаи ҳунарии ноҳияи Ҳисор. Шуғли асосии Насриддинов муаллимӣ буда, дар суруду оҳангҳои интихобкардааш бештар мавзӯъҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявӣ бартарӣ доранд. Ӯ ҳангоми таснифи сурудҳояш аз ҳавои оҳангҳои классикӣ ва халқӣ илҳом гирифта мекӯшид, ки лаҳну зарби сурудҳои иҷрокардааш дилчаспу форам ва таъсирбахш бошанд.
Насриддинов ба 40 мухаммаси шоирони классикии тоҷик (Нозим, Шавкат, Саййидо, Васлӣ ва дигарон), инчунин баъзе қисматҳои достонҳои панду ахлоқии машҳур (ба монанди «Қумринома»-и Ҷалолуддини Румӣ «Насиҳатнома»-и Носири Хусрав, аз «Бӯстон»-и Саъдӣ ва ғайра) оҳанг бастааст.
Сурудҳои машҳури классикии «Муноҷот» (ғазали Ҳайрат), «Муғулчаи Дуғоҳ» (муҳаммаси Васлӣ бар ғазали Соиб), «Ироқ»(шеъри Ҳ.Назаров) ва ғайра дар иҷрои Насриддинов хеле хуб садо медиҳанд.
Сурудҳои Нсриддинов аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун гуногун буда, бештар ишқу муҳаббат, ҷавонӣ, меҳри Ватан ва лаҳзаҳои ҳаёти имрӯзаро тарранум мекунанд.
Ёрони Карбалоро бинем ё набинем    / hisorishodmon  

Комментарии

Информация по комментариям в разработке