Таъмири як роҳи муҳиму тиҷоратии Тоҷикистон оғоз ёфт

Описание к видео Таъмири як роҳи муҳиму тиҷоратии Тоҷикистон оғоз ёфт

Рӯзи 10-сентябр Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои бунёди роҳи байналмилалии наздик ба минтақаи марзӣ бо Қирғизистон низ дидан кард. Ин роҳ асосан ду ноҳияи марзӣ бо Ҷумҳурии Узбекистонро ба ҳам мепайвандад, вале як қисмати он аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мегузарад. Бозсозии роҳ дар ин мавзеъ солҳои пеш баҳсбарангез шуда буд. Ҳоло масъулони идораи роҳи вилоят мегӯянд дар ин самт пешрафт кардаанд. Фарзон Муҳаммадӣ дар ин мавзӯъ гузориш медиҳад.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке