Пончики 🍩 (Донаты) - Donuts Лаззатхои Гуногун

Описание к видео Пончики 🍩 (Донаты) - Donuts Лаззатхои Гуногун

Салом ба ҳамаи тамошобинони азиз!

Маҳсулотҳо.
1,5ст шири ҷӯш
1қшқ дрож
3қшқ шакар
1қшқча намак
2д тухм
125г маска
5ст орд. Орд шояд шумоба камтар ё зиёдтар равад, аз ҳамин хотир еҳтиёт карда андозед.

Барои сурх кардан равған.
Барои оро додан шоколад


Аввал хамирро хелида мемонем, дар ҷои гарм мемонем, ки тезтар расад. Баъд хамир ки расид, ҳавои хамирро мегирем. Баъд тунук мекунем. Тунукии хамир Миёна бояд бошад. Яъне не ғавс не тунук Миёна. Баъд бо қолабак мебурем. Ман коғази тоза мондам аз таги пончикҳо, чунки дам мегиранд онҳоро аз замин бардоштанба шояд видашон безеб шавад. Ман аз ҳамин хотир коғаз мондам. Пончикҳоро бор мекунем 15дқ дам ки гирифтанд. Сурх карданро шурӯъ мекунем. Хамирҳои аз барҳои пончикҳо мемонанд. Онҳоро зувола зада мемонем камтар дам, ки гирифтанд мисли пончикҳои кардагиямон бо қолабак мебурем. Яъне то тамом шудани хамир давом медиҳем.

Фаромӯш накунед, ки дар вақти сурх кардан равған бояд ширгарм бошад. Равған ҷӯш ки шид тез сурх мешаванд. Ва иҳтимоли калон дарунашон хом мемонад.

Сурх карданро тамом ки кардем бо шоколад ва шакар оро медиҳем. Ва бо иштиҳои том истеъмол мекунем 🍩😋

Умедвoрам ба шумо ҳам писанд меояд, ман дар вақти тайёр кардан бо завқ тайёр намудам. Ба ҳамаи тамошобинони азиз тавсия мекунам 👍
Лаззаташро Пурсед агар олиҷаноб 🍩😋

То видеоҳои дигар Дар Паноҳи Худо бошед 😍🙏👍🎉🌺💐

Стакан 200г.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке