Футбол. Дар бозии Хатлон ва Истиқлол чӣ гап шуд?

Описание к видео Футбол. Дар бозии Хатлон ва Истиқлол чӣ гап шуд?

Дар даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол мо шоҳиди рақобати ҷолиби ду дастаи пешсафи футболи тоҷик – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар гардидем. Ин ду даста, ки дар даври сипаригардида аз рақибони худ шикаст хурда буданд барои ба даст овардани 3 имтиёз тамоми қувваи худро равона намуданд.
Ба тамошои ин бозӣ Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва сармураббии тими милли Петр Сегрт омада буданд.
Мухлисони дастаи “Хатлон” бо карнаю сурнай ва шеърхонӣ дастаашонро дастгирӣ мекарданд. Ду футболбози ҳайати асосии “Хатлон” Тони Бикатал ва Тоҳирҷон Тағойзода низ дар қатори мухлисон қарор доштанд ва даастаро аз онҷо дастгирӣ карданд.
Назорати бозӣ аз ҷониби дастаҳо баробар ба назар мерасид. Ниҳоят мизбонон дар дақиқаи 29-ум тӯбро ба дарвозаи “Хатлон” ворид карданд. Футболбозони дастаи “Хатлон” даъво доштанд, ки дар ин ҳолат футболбози рақиб бо даст бозӣ кард ва бо нишони эътироз ба қарори довар майдонро тарк гуфтанд. Ҳамлагари “Хатлон” ишора мекунад, ки нисбати ӯ дағал бозӣ мекунанд, вале довар нодида мегирад. Баъди чанд дақиқа онҳо дубора бозиро идома доданд. Дар идома дастаҳо ҳолатҳои хатарноки голзанро ташкил мекарданд, вале то анҷоми бозӣ тӯб дигар хатти дарвозаро убур накард. Ҳисоби ниҳои 1:0 ба фоидаи дастаи “Истиқлол” шуд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар ин давр низ аз дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:2 шикаст хӯрд.

Дастаи “Файзканд” бошад дар ду даври охир бозии хуб нишон дода истодааст. Дар ин давр дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 0:1 шикаст дода, соҳиби 3 имтиёзи навбатӣ гардид. Акнун дастаи “Файзканд” бо 21 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.
24 август 3 бозии даври мавқуфмондаи 9-ум доир гардида, дастаҳо ба таври зайл қувваозмоӣ мекунанд:
“Равшан”(Кӯлоб) - “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ” - “Хуҷанд”, КМВА –“Хатлон”.
#хатлон #football

Комментарии

Информация по комментариям в разработке