БОЗДОШТИ 230 ҶАВОН ДАР ДИСКОКЛУБҲОИ ТОҶИКИСТОН

Описание к видео БОЗДОШТИ 230 ҶАВОН ДАР ДИСКОКЛУБҲОИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони милитсияи пойтахт дар пайи амалиёти шартии “Ахлоқ ва тартибот” дар дискоклубҳо 230 ҷавондухтару ҷавонписарро ба мақомоти милитсия ҳозир кардаанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ин амалиёт дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон гузаронида шуда, дар ҷараёни он фаъолияти марказҳои дилхушии “Самира”, “Париж”, “Ҷавонон” ва “Шоми Кӯлоб” мавриди санҷиш қарор гирифт.

Мақомот мегӯянд, ин ҷавондухтарон баъди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ иқрор шудаанд, ки гӯё “шакли носолими амалҳои шаҳвониро” пеша намуда, марказҳои дилхуширо ба макони фаҳш табдил додаанд. “Бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамаи онҳо аз ташхисҳои тиббӣ гузаронида шуданд”,- гуфт Раёсати вазорати корҳои дохилӣ. Назари нафарони боздоштшуда ва соҳибони ин дискоклубҳо ба ин қазия маълум нест.

Ҳамзамон, дар ин ҷойҳо барои фурӯши нӯшокиҳои пастсифат ва муҳлати истифодабарияшон гузашта нисбат ба соҳибмулкон парванда кушодаанд. Ба моликони чунин маконҳо ҳушдор дода шудааст, ки минбаъд ҳангоми фаъолият талаботи қонунгузориро риоя намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор накунанд ва ба иҷрои амалҳои фаҳш дар дохили биноҳояшон роҳ надиҳанд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке