Парвиз Ашуров Баҳори ҳасрати Ворух дорам, Ворух, эй Ворух! 2021 Vorukh

Описание к видео Парвиз Ашуров Баҳори ҳасрати Ворух дорам, Ворух, эй Ворух! 2021 Vorukh

Ба канали мо обуна шавед!
#Admin_MIZBONSHOH
#VORUKH
#tajikistan
#khujand #isfara #tajikistan7777 #2021 #khujand_info #kulob #ворух #точикистон #исфара
Подписывайтесь на канал.
Subscribe to the channel.
Баҳори ҳасрати Ворух

Садое дар гулӯ дармонда дорам, Ворух, эй Ворух!
Ба номат номае нохонда дорам, Ворух, эй Ворух!
Агарчӣ дар азои ғӯрамаргони шаҳиди ту,
Баҳори ҳасрате афшонда дорам, Ворух, эй Ворух!
Даруни синаам чун модари фарзандгумкарда
Ҳазорон чашмаи гирёнда дорам, Ворух, эй Ворух!
Мисоли сарҳади мардонагӣ сӯги падар бар дӯш
Миёнбанде ба бар печонда дорам, Ворух ,эй Ворух!
Дареғи ҳоли он миллат, ки қотил буд фарзандаш,
Зи қисмат доди нобистонда дорам, Ворух, эй Ворух!
Намемирад зи тири нохалаф Наврӯзи ман, ҳарчанд,
Диле дар марзи ту гӯронда дорам, Ворух, эй Ворух!

Комментарии

Информация по комментариям в разработке