Бунафша Шокирова. Ёде аз бону ҳунар.

Описание к видео Бунафша Шокирова. Ёде аз бону ҳунар.

ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА БУНАФША ШОКИРОВА ДАР СИННИ 50

Овозхони шинохтаи тоҷик Бунафша Шокирова нимаи дуюми рӯзи 30 май дар синни 50 аз олам даргузашт. Вақтҳои охир Бунафша Шокирова дар корпуси №10 бемористони Қараболо таҳти табобат қарор дошт. Ӯро субҳи 30 май аз бемористон ба хонааш овардаанд ва ӯ дар манзили худ вафот кардааст. Қарор аст, маросими намози ҷаноза ва дафни Бунафша Шокирова дар Душанбе баргузор шавад.
Бунафша Шокирова соли 1972 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар ансамблҳои “Ганҷина” ва “Дарё” ҳунарнамоӣ карда, бештар бо иҷрои таронаҳои мардумӣ шуҳрат ёфта буд. Чанд соли охир Бунафша Шокирова дар филармонияи давлатии Тоҷикистон кору ҳуннамоӣ мекард.
“Пазмон шудам”, “Ҷонам, бигӯ”, “Ошиқи сӯзон”, “Модар” аз ҷумлаи беҳтарин таронаҳои Бунафша Шокироваанд, ки дар ёди мухлисонаш то дер боқӣ хоҳанд монд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке