Шаҳварам пулҳоямро хӯрду аз фарзандаш рӯй гардонд

Описание к видео Шаҳварам пулҳоямро хӯрду аз фарзандаш рӯй гардонд

Моҳрухсор Ҷамолова, сокини ноҳияи Рашт буда, ҳаёташро аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ пеш мебарад. Ин зани муҳоҷирро номардии мардони маккоре, ки аз боварии занҳои сода истифода бурда, бо ваъдаҳои осмонӣ онҳоро ба дом меафкананд ва пулу молашонро хӯрда, баъдан дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор монда мераванд, ба идораи сомонаи Оила. ТЧ овардааст. Аз рӯйи нақли худи зан Моҳрухсор дар вай бо ҷавоне ошно шуда, бо ҳам аҳди бародарию хоҳарӣ бастаанд. Додархондаш гӯё аз рӯйи раҳму шафқат Моҳрухсорро бо як марди муҳоҷир шинос мекунад, то соҳиби шавҳар ва зиндагии обод гардад. Домодшаванда зан доштанашро пинҳон накарда, қисса мекунад, ки се фарзанди маъюб дорад ва агар Моҳрухсор барояш ақаллан як кӯдаки солим таваллуд кунад, хонаи дар Русия доштаашро ба ӯ мебахшад. Ҷавонзан ба ваъдаҳои осмонии ин мард бовар карда, ба никоҳ розӣ мешавад, вале ба ҷойи соҳиби хонаву дар гаштан хонасалот мегардад. Шавҳари муҳоҷираш қариб 500 ҳазор рубли русиро, ки ин зани тоҷик бо азобу машаққатҳои зиёд дар мулки бегона кор карда буд, аз худ намуда, баъдан Моҳрухсорро ба қавле “кидат” кардааст.
Биёед, беҳтараш дарди дили ин зани муҳоҷирро аз забони худаш бишнавем.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке