Ахбори Точикистон Имруз - 28.06.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 28.06.2024 | novosti tajikistana

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи №1-и шаҳри Урумчӣ, аз ҷумла шуъбаҳои бемориҳои қанду чашм ва онкологии он шинос шуда, бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин беморхона дар самти бемориҳои урологӣ ва сӯхтагӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, мулоқот кард.

Ҷамолиддин Абдуллозода табибони тоҷикро ба омӯхтани нозукиҳои табобати бемориҳои урологӣ ва сӯхтагӣ дар ин муассисаи тандурустии пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташвиқ намуда, онҳоро даъват кард, ки бо истифода аз шароиту имконоти муҳайёгардида баҳри такмили донишу таҷриба кушишу талоши хешро равона созанд.


ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке