Ахбори Точикистон Имруз - 22.07.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 22.07.2024 | novosti tajikistana

20 июл бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳияи Фархор, ки аз офати табиӣ зарар диданд, кумак расонида шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кумаки навбатии Пешвои миллат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили тахта, семент, қуму шағал, меху сим ва арматура иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи боронҳои зиёд дар деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор 36 манзили истиқоматӣ ва 112 иншооти ёрирасони сокинон зарар дид.

Ин гуна кумакҳои башардӯстона аз рӯзи баамаломадани офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба зарардидагон расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли равон бинобар номусоид омадани ҳаво ва омадани селу фаромадани ярч манзили истиқоматии сокинони деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дид.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке