Ҷамбасти Озмуни Фуруғи субҳи донои китоб аст!~1

Описание к видео Ҷамбасти Озмуни Фуруғи субҳи донои китоб аст!~1

Чамбасти Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баромад намуда изҳор дошт, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор гардид.
Ҳамин тариқ ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки иштирокдорони озмуни мазкур чойхои намоёнро ишгол намуданд, аз чумла Давлатов Чамшед корманди Муассисаи давлатии Телевизони Саёхи ва хунархои мардуми аз руи наминатсияи адабиёти муосир иштирок варзида, сазовори чойи сеюм гардид.
Иштирокчии дигари Озмуни мазкур Салимзода Нозанин хонандаи синфи 11 – и Литсе – Интернати Президенти аз руи наминатсияи хондан ва азёдкардани адабиёти класикии точик иштирок варзида, сазовори чойи дуюм гардид.
Иштирокчии дигари Озмуни мазкур Камина Шаропова Мафруза хонандаи синфи 11 – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии раками 1-и нохияи Муминобод аз руи наминатсияи адабиёти класики точик иштирок варзида сазовори чойи аввал гардид.
Дар натиҷаи ниҳоӣ Шукрона Тоҳирӣ — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб ва барандаи «Шоҳҷоиза» эълон гардид.
Дар охири маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барномаи рангини консерти пешниходи тамошобинон гардид.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке