Роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ба истифода дода шуд

Описание к видео Роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ба истифода дода шуд

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд. Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар - Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, насби чароғакҳои роҳнамо, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзакорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст. Қисматҳои аҳолинишини роҳ тибқи талаботи байналмилалӣ чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон осудагию бехатарии мардумро дар назар дорад. Васли новаҳои оҳану бетонӣ, қубурҳои обгузар, тахтасангҳои ду канори роҳ ва деворҳои ҳимоявӣ ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд. Дар қисматҳои кӯҳистони табиати Тоҷикистон тавассути корҳои тахту ҳамворкунӣ имконият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар гардонида шудааст. Бо супориши Сарвари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Леваканд низ навсозӣ хоҳад шуд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке