Дар бораи Ёсамин Давлатова/Аз Ёри кулоби то суруди Кабутар

Описание к видео Дар бораи Ёсамин Давлатова/Аз Ёри кулоби то суруди Кабутар

АЗ "КАБУТАР" ТО "ЁРИ КӮЛОБӢ"-И ЁСАМИН ДАВЛАТОВА.Ё ЧАРО МАЗМУНИ НАВОРУ СУРУДҲОИ ТОҶИКӢ БА ҲАМ ТАВЪАМ НЕСТАНД?

(бо такя ба як шарҳи Хуриннисо Ализода бобати сатҳи клипсозии сарояндагони тоҷик)

Нақд ва барасии вазъи соҳаи овозхонӣ, сатҳи сароиши сарояндагон, замзамаҳои орӣ аз маъниву мантиқи баъзе ба ном ситораҳои эстрадаи тоҷик фақат як бахши мушкилотест, ки муддатест дар меҳвари матолиби рӯзноманигорони соҳаи фарҳанг ва аҳли маънии Тоҷикистон мечархад.Аз меъёр зиёд истифода шудани лаҳҷаву алфози кӯчагӣ дар матни сурудҳо ва риоя нашудани қавонини шеърӣ дарди дигарест, ки кӯча-кӯчаву шаҳр-шаҳр ва як сарзамин гиристан ба ҳоли табоҳи эстрадаи мо ками андар кам аст.Ҳеҷ паёми хосе дар сабку матни сароиши аксари сарояндаҳои мо мушоҳида намешавад. Вале чандест, ки болои бемаънисароии ин анбуҳи дар нохунак ситораҳои эстрада нуқсони дигар ва он ҳам бузург зам шудааст, ки он ба муҳтаво ва сатҳи клипсозии аксари сарояндагони тоҷик рабт мегирад.
Дар ин барнома ба шарҳи ҳамин масъала дахл кардем.Наворро тамошо кунед.

#сароянда #овозхон #мусиқӣ #суруд #ҳунар #эстрада #тоҷикӣ #мазмун #клип #навор #оҳанг #ёсамин #давлатова #сатҳ #имрӯз #нав #сурудитоҷикӣ #беҳтарин #барнома

Комментарии

Информация по комментариям в разработке