ҲАРДУ МАСТ БУДАНД: 21 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМАИ ҲАБИБА БОЗОРОВА ВА 15 РӮЗ ҲАБСИ БАРАКАТИ САЛИМ

Описание к видео ҲАРДУ МАСТ БУДАНД: 21 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМАИ ҲАБИБА БОЗОРОВА ВА 15 РӮЗ ҲАБСИ БАРАКАТИ САЛИМ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ҳангоми ифои вазифа аз ҷониби кормандони бозрасӣ (БДА) воситаи нақлиёти тамғаи “Рейнҷ Ровер”, рақамҳои қайди давлатиаш 53 28 МН 01 боздошт карда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, ӯ дидаву дониста идораи воситаи нақлиётро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор кардааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбат ба Бозорова Ҳабиба ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ , ё қариб 2 ҳазор доллар таъйин гардида, Баракати Салим ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Худи Ҳабиба Бозорова ва Баракати Салим ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
“Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунӣ ба шумор меравад. Чунин ронанда дидаву дониста ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузорад”, - таъкид шудааст дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.
Ҳабиба Бозорова овозхон буда, бо тахаллуси Осия ҳунарнамоӣ мекунад.
Аммо номи Баракати Салим соли 2019 ба рӯйхатти сиёҳи ВКД дар байни ронандагоне, ки ҷаримаҳои барномаи “Шаҳри бехатар”-ро пардохт накардаанд афтода буд. ВКД он вақт хабар дод, ки сокини кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев Баракати Салим бо мошини тамғаи “Тойота Королла”, рақамҳои қайди давлатиаш 55 33 АН 01, камаш 6 маротиба барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба дурбини “Шаҳри бехатар” афтода, вале ҷаримаҳояшро насупурдааст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке