Барномаи консерти "Савти Фалак" / Концерт 2021 Таджикистан

Описание к видео Барномаи консерти "Савти Фалак" / Концерт 2021 Таджикистан

ХАБАРИ ФАРАҲБАХШ! «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид

15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон (ДАР АКС) намояндагӣ намуд.

Дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинаҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

«Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинаи «Фалак»-ро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд», -иттилоъ доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки пешниҳоди номинаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО зикр шудааст, қабул гардид.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: https://t.me/AkhboriTojikiston
★ WebSite: https://www.tvt.tj
#Tajikistan #Dushanbe #Falak

Комментарии

Информация по комментариям в разработке