Чойхонаи Набот дар Шаҳри Душанбе

Описание к видео Чойхонаи Набот дар Шаҳри Душанбе

Чойхона натанҳо ҷои чойнуши ва истироҳат, инчунин макони дусдоштаи калонсолон ва чавонон ба ҳисоб меравад. Чойхонаҳоро дар шаҳрҳои куҳан ва ҳар маҳал метавон қаринсози муҳаббати ҳамдигари гуфт инчунин рисолати мактаби омузиши одаму одамгариро низ соҳиб аст . Давлатҳои шарқ бо доштани маконе чун чойхона миёни оламиён машҳуранд зеро инчо натанҳо макони истеъмоли хурокҳои лазиз балки суҳбатҳои ёру наздикон оромкунандаи руҳу равонаст. Яке аз чойхонаҳои маъруфу маҳбуби сокинону меҳмонони пойтахт Чойхонаи Набот мебошад, ки дар байни мардум шуҳрат дорад.. Чойхонаи мазкур соли 2022 ба фаъолият шуруъ карда бо назардошти унсурҳои фарҳанги миллӣ, гулкориву кандакори ва качкори сохта шуда бо нақшунигорҳо ба зебогии душанбешаҳр ҳусни дигар замнамудааст. Дар чойхонаҳои замонави ба ғайр аз чойнуши боз хурокҳои гарм навъҳои гуногуни шурбо, оши палов, манту ва дигар хурокҳои миллиро пешкаш мекунанд. Аҷаб лазату асроре дорад, ин макон ҳар нафаре, ки боре ба инҷо ташриф орад баъд аз нушидани чой ва истеъмоли хурокҳои милли, ҳатман майли дубора ба инҷо омаданро мекунанд.
Сахни чойхонаро мизу курсиҳои бо нақшу нигори милли пур карда шуда, ва аз ду тараф утоқҳои махсус ба ҳусну намои дигар мебахшид.
Маъмулан яке аз ҳунари милливу дусдоштани ки ҷазобияти ба худ хосро доштаву аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, ҳунари кандакори мебошад Ин ҳунари ажододию муассир дар ин чойхонаи барҳавою бошукуҳ чилва афшони мекунад. Инчунин бо нақшу нигори милли ва ҳар гуна тасвирҳо дили саёҳони ба ин макон ташрифовардаро тасхир намудааст. Назар кардан ба ин манзараҳои зебову тахаюломез инсонро ба зиндаги дилгарму хушназар мегардонад. Бояд қайд намуд, ки толори чойхонаи мазкур бо утокҳои махсус ҷудо карда шудааст, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд утоқҳоро вобаста табъу завқи худ интихоб карда бошанд.
Офаридан ва эҷоди чунин ҳунарҳои милливу ачдоди аз инсон тахаюли бою рангинро тақозо дорад. Агар эҳё намудани чунин тасвирҳо ба назар ҳаркадар мушкил намояд , ҳамонқадар барои зебо офаридани мавзеҳои истироҳати ва дигар чойҳои таърихи накши бориз дорад. Ҳамчунин мо метавонем ба ин васила касби аҷдодии худро зиндаву поянда нигоҳ дорем. Ҳамин арчгузори ба фарҳанги бою ғанияст, ки ҳамасола ба кишвар садҳо саёҳони хоричи ташриф меороанд ва аз маконҳои истироҳативу фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуда, васфи ин ватани маҳбуб месозанд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.Ҷойхонаи Набот низ аз зумраи мавзеҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи сокиону меҳмонои диёраст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке