Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш

Описание к видео Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш

Ҳамватанони гиромӣ!
Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!
Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус, 250 ҳазор кӯдаконеро, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштанд, самимона табрик мегӯям...
https://khovar.tj/2024/09/suhanronii-...

Комментарии

Информация по комментариям в разработке