Ахбори Точикистон Имруз - 01.08.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 01.08.2024 | novosti tajikistana

Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Ҳисор имсол 5 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Дар ин хусус ба намояндагони воситаҳои ахбори омма 1 август иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар шашмоҳаи аввали имсол иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра дар Ҷамоати деҳоти Дурбат 1 корхонаи таъмири трансфарматорҳо, дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Сомон ду корхонаи истеҳсоли шифери асбестӣ, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода корхонаи истеҳсоли хишти сабук ва дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор корхонаи пахтатозакунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин корхонаҳо на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки ба рушди саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки ҳоло корҳо дар самти таъсиси минтақаи саноатӣ, ки бояд тибқи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар 12 гектар ташкил шавад, идома доранд.

Бо натиҷагирӣ аз рушди соҳаи саноати шаҳр иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор иброз намуд, ки дар 89 корхонае, ки дар шаҳри Ҳисор фаъолият дорад, суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ беш аз 102 фоизро ташкил дода, аз ҳисоби саноати коркард беш аз 101 фоиз, тақсимоти неруи барқ 94,7 фоиз ба амал омада, рушди саноати истихроҷи маъдан 121,2 фоизро ташкил дод.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке