Роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе навсозӣ мешавад

Описание к видео Роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе навсозӣ мешавад

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд. Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушҳолӣ аз иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе дар самти бунёди роҳу пӯл ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд. Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хатти алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке