,,Дар ҷустуҷӯи НУРИ ПОК“
Аз маҷмӯаи шеърҳои ,,Чашмаи ташна”-и Мавҷигули Зардодхон
Пешгуфтор
Ин шеър мегӯяд:
1.Ҷомеа вақте аз адолат дур мешавад, рӯҳи рисолат ранҷ мебарад.
2.Паёмбар танҳо як шахсияти таърихӣ нест , ӯ ҳақиқати зиндаи маънавист.
3.Нури ӯ пас аз вафоташ тавассути аҳли байт ҳамчун шамъи ҳидоят боқӣ монд.
4.Аммо танҳо ошиқон ва орифон метавонанд ин нурро бишиносанд.
5.Ҳақиқат бо ақли ноқис дарк намешавад, балки бо ишқу фидокорӣ.
«Файзу карам нолад зи ғам…»
Дар ин ҷо “файз” ва “карам” рамзи сифоти илоҳӣ ҳастанд. Вақте инсон аз роҳи ҳақ дур мешавад, на танҳо ҷомеа, балки худи арзишҳои муқаддас низ гӯё ба нола меоянд. Ин шикоят аз буҳрони маънавии башар аст.
«Рӯҳи Мухаммад дар ситам…»
Ишора ба Муҳаммад аст. Аз нигоҳи фалсафӣ, “рӯҳи Муҳаммад” рамзи ҳақиқат, адолат ва раҳмати куллӣ мебошад.
Вақте зулм, ҷаҳолат ва сухани дағал (“ғурриши дандона”) дар ҷомеа ҳукмрон мешавад, он рӯҳи раҳмат гӯё дар ситам қарор мегирад. Яъне инсонҳо аз рисолати аслии ӯ дур шудаанд.
Аммо дар баробари ин, Паёмбар нуре боқӣ гузошт — нуре, ки дар таълимоти ӯ ва дар аҳли байташ идома дорад.
Маънои “шамъ” дар ин шеър
«Шамъе шудӣ дар маҷлисе…»
Дар ин ҷо шамъ танҳо як инсон нест. Ин метавонад ишора ба аҳли байти Паёмбар бошад ,ба он нуре, ки пас аз ӯ барои ҳидояти инсон боқӣ монд.
Ишора ба Аҳли байт аст —яъне хонадони поке, ки идомадиҳандаи роҳи маърифат ва адолатанд.
Шамъ дар адабиёти ирфонӣ рамзи ҳидоят аст.
Паёмбар чароғи аввал буд, аммо баъд аз ӯ ин нур тавассути аҳли байт идома ёфт то роҳи инсоният торик намонад.
“Дар банди ақли ноқисе…”
Фалсафаи амиқи ин мисраъ дар он аст, ки инсон бо ақли маҳдуди худ наметавонад тамоми ҳақиқатро дарк кунад.
Онҳое ки танҳо бо зоҳир менигаранд, нури маънавиро намешиносанд.
Парвона рамзи ошиқи ҳақ аст касе ки барои расидан ба нур бояд аз худ бигзарад.
Яъне агар инсон мехоҳад аз нури Паёмбар ва аҳли байташ баҳра гирад, бояд аз худбинӣ ва маҳдудияти фикр гузарад.
****
Ай ошиқи шайдои дил, берун шав аз афсонае,
Савдои рӯъёи туро афканда дар вайронае.
***
Гаҳ тунд меҷӯши зи ғам, паймона пур шуд бешу кам,
Аз талхиҳо масти алам, ҳастии ту бегонае.
***
Аз сад гулистоне гузар, чун зиндагӣ номаш нигар,
Пас тушаи хубе бубар аз ҷон ту бар он хонае.
****
Файзу карам нолад зи ғам, аз зиндагии боалам,
Рӯҳи Мухаммад дар ситам аз ғурриши дандонае.
****
Шамье шудӣ дар маҷлисе бо сӯзу ишқи орисе,
Дар банди ақли ноқисе,бо шамь чун парвонае.
***
Ман ошиқи рӯят будам, ботинат ҳайфо, ки туҳӣ,
Аз ман гузар ҷонат бихар, ман масту ту девонае.
*****
Мавҷигул ( Хоруғ - 1995)
#маснавӣ #қироат
#чашмаиташна#музиқӣ #video# lyrics
Информация по комментариям в разработке