Ахбори Точикистон Имруз - 23.07.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 23.07.2024 | novosti tajikistana

Панҷ нафар варзишгари имконияташон маҳдуд аз шаҳри Ҳисор дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ, ки аз 15 то 20 июли соли равон дар шаҳри Уст-Каменагорски Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, бо медалҳои тилло ва нуқра ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Варзишгарону волидони онҳо дар фазои тантанавӣ бо «Сипоснома» ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Варзишгарон- дастпарварони Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокирови шаҳри Ҳисор мебошанд. Мизробиддин Олимови 16-сола дар вазни 52 кг бо бардоштани вазни 80 кг ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло, Ҳабибулло Ҳафизови 38 –сола дар 68 кг бо бардоштани вазни 120 кг ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло, Сунатулло Холови 15-сола дар вазни 60 кг бо бардоштани вазни 65 кг соҳиби медали нуқра, Фатҳиддин Аҳмадови 16 –сола дар вазни 68 кг бо бардоштани вазни 90 кг соҳиби медали нуқра ва мураббии Мактаби варзишии шаҳр Мирзобобур Насриддинов дар вазни 95 кг бо бардоштани вазни 140 кг соҳиби медали нуқра гардиданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке