МОҶАРОИ ТӮЙИ АРӮСИИ ФАРАҲНОЗ: ОВОЗХОН МЕГӮЯД, ШӮЙ Ё “КАВАЛЕР”-И ЯГОН КАСРО КАШИДА НАГИРИФТААСТ!

Описание к видео МОҶАРОИ ТӮЙИ АРӮСИИ ФАРАҲНОЗ: ОВОЗХОН МЕГӮЯД, ШӮЙ Ё “КАВАЛЕР”-И ЯГОН КАСРО КАШИДА НАГИРИФТААСТ!

Инак чанд рӯз боз як мавзӯи аввали вирди забонҳо дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии овозхони ҷавони ҳамагӣ 21-сола, вале алакай шинохтаи тоҷик Фараҳноз Шарафова аст. Тӯйи арӯсии Фараҳноз шоми 22 июли соли 2024 дар пойтахт дар тарабхонаи машҳури “Яккасарой” бо ҳузури иддаи бузурге аз овозхонҳои машҳури тоҷик, аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, Шабнами Тоҷиддин, Мино, Ситораи Кароматулло ва Зайнураву Сафаргул ва шумори зиёде аз ровиёни маъруф баргузор шуд.
Дар бораи шахсияти ҷавоне, ки ба Фараҳноз издивоҷ кардааст, маълумоте дар даст нест. Дар ҳар сурат, ӯ як нафари дар олами шоубизнеси тоҷикӣ ношинос ба назар мерасад. Дар видеоҳои нашршуда аз маросими арӯсӣ ӯ як ҷавони қадбаланду хушсимо ба назар мерасад ва дар як видео дида мешавад, ки Фарзонаи Хуршед домодро ба рақс мекашад ва ҳарду дар назди арӯс як каме мерақсанд. Дар навори дигар ӯ дар канори падари Фараҳноз намудор мешавад ва дар як навори дигар дида мешавад, ки домоду арӯс барои арҷгузорӣ ба назди модари Фараҳноз мераванд.
Бархе корбарон бо ишора ба ин ки дар наворҳо дӯстони шаҳ ва хешу табори ӯ, аз ҷумла падару модараш дида намешаванд, ҳадс задаанд, ки шояд ӯ домоди “фейк” бошад ва интихобкардаи Фараҳноз шояд дар асл ягон марди пии оиладор бошад, ки ё нахостааст “реклама” шаваду ҳамсари қаблиаш аз ин моҷаро хабардор шавад, ваё Фараҳноз нахостааст имиҷаш хароб шавад, чунки ӯ дар як таронааш бо итминон месуруд, ки “рақами 2 намешам!”
Фараҳноз кӣ будани домодро ошкор накард, вале дар арафаи тӯяш дар як матлаб дар Инстаграм ҳамаро итминони хотир дод, ки шавҳараш ҷавон асту бори якум хонадор мешавад ва ӯ, яъне Фараҳноз шавҳари касеро кашида нагирифтааст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке