Ахбори Точикистон Имруз - 10.07.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 10.07.2024 | novosti tajikistana

ар шаҳри Бӯстон мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат ва ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз ёфт, ки масоҳати умумии он 17 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матуботи Раиси вилоятти Суғд хабар медиҳад.

Роҳи кӯчаҳои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш гардида, фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида, зимни суҳбат бо сокинон иттилоъ дод, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду баистифодадиҳии 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила беш аз 8 ҳазори он ба истифода дода шудааст.

Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ садҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад.

Сокинон аз чунин иқдом ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат руҳбаланд гардида, омодагии худро барои анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ изҳор доштанд.



ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке