Ахбори Точикистон Имруз - 09.07.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 09.07.2024 | novosti tajikistana

Беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии моҳи июн дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ маълум гаштанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозингари ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор Абдуҷаббор Абдуалимзода, ки дар се аз чор вохӯрии дастааш дар моҳи июн беҳтарин бозингари рақобат эътироф шуда буд ва чор гол ба нишон расонид, бозингари беҳтарини моҳи июн дониста мешавад.

Ҳамчунин ҷоизаи «мураббии моҳ» насиби сармураббии ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Қурбонов мегардад. Даста зери роҳбарии ӯ дар моҳи гузашта се пирӯзӣ ба даст оварда, як бозии дигарашро мусовӣ анҷом дод.

Ёдовар мешавем,ки ҷоизадорони моҳи июн дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.


ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке